Азия-Плюс TJ
30.2K subscribers
10.5K photos
2.45K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
👀 Кӣ бояд қадами аввалро дар ҳалли мушкилот гузорад: калонсолон кӯшиш намоянд, ки ҷавононро фаҳманд, ё баръакс?
Худи ҷавонон, барои ҳалли мушкилоти нофаҳмӣ миёни наслҳо чӣ пешниҳоде доранд?
❗️Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти «Маро бишунав» Шоҳрух Дилшодзода, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, посух мегӯяд.
👨🏻‍💻 Подкастери нашри навбатии мо яке аз журналистони ҷавону навқадами "Зира медиа" Фаридун Холбоев аст.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://youtu.be/b-xxOEiVVWE
🔺Додситонӣ аз боздошти Чоршанбе Чоршанбиев хабар дод

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод, ки Чоршанбе Чоршанбиев, размикори ММА ва блогери тоҷик баъди ихроҷ шудан аз Русия дар Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод алайҳи Чоршанбиев бо моддаҳои 189 ва 307-и кодекси ҷиноӣ парванда кушода шудааст.

Хабарномаи Додситонии ноҳияи Шоҳмансурро, ки хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, ки гуфта мешавад Чоршанбиев 30 декабр дар Душанбе боздошт шудааст.

Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки " ӯ ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш «chchorshanbiev_pm» пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул шудааст".
Маросими ҷоизасупории мусиқавии #TaronaMusicAward-ро дар пайванди зер бубинед👇
https://youtu.be/GGaThIGuAKA
Дуруду сипос корбарони asia+

Медонем, ки барои ҳар кадоме аз мо соли 2021 ҳар гуна сипарӣ гашт. Барои хелеҳо вазнину ғамангез, барои бархеҳо як соли маъмулӣ ва барои баъзеҳо ҳам як соли бомуваффақияту хуб. Дар умум як соли пур аз ҳаяҷону ғайри интизор буд.

🙏Сипосгузорем аз якояки шумо, ки тӯли ин сол бо мо будеду пайваста хабарҳои моро пайгирӣ мекардед. Гоҳе мавзӯъҳо пешниҳод мекардед, гоҳе аз ҳодисаву воқеаҳо бароямон аксу навор мефиристодед ва гоҳе ҳам хатоҳоямонро мегуфтед. Барои ҳамаи ин ҳам аз шумо ташаккур мекунем.

☃️ Умедворем, ки соли 2022 хабарҳои хуберо нашр хоҳем кард ва ҳамчунин ин орзуро дорем, ки дар ҳаёти шахсии шумо низ воқеаҳои хуб рух бидиҳанд.

Бигзор дар соли нав орзуҳоятон бароварда шаванд ва муваффақияту комгорӣ ҳамроҳатон бошад.

🎉Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!
#Фаврӣ

Бинобар бениҳоят шадид будани бориши барф, бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан боздошта шуд. Дар ин бора ширкати IRS хабар додааст.

Гуфта мешавад "кормандони филиали Ширкат роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилагжиш коркард намуда истодаанд".

@asiaplustj
🔺
🚘 Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд барои мошинҳои мусофирбар дубора барқарор шуд. Дар ин бора филиали ширкати IRS дар саҳифаи худ дар "Фейсбук" хабар додааст.

🌨️ Як рӯз пеш бар асари боридани барфи зиёд ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода муваққатан баста шуда буд.

@asiaplustj
🔺Ҳамлагари дастаи ПСЖ ва тими мунтахаби Аргентина Леонел Мессӣ ба коронавирус мубтало шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии клуб, санҷиши тести Лионел Мессӣ, Хуан Бернат, Серхио Рико ва Натан Битумазала вуҷуди коронавирусро мусбӣ нишон додааст.

Ҳамаи бозигарони бемор аз дигарон ҷудо карда шуда, талаботи беҳдоштиро тибқи протоколҳои зарурӣ риоя мекунанд.
🔺 Теъдоди мӯътодони маводи мухаддир дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба 3,5 миллион нафар ё ҳудуди 9 дарсади аҳолии 39 миллионнафараи Афғонистон мерасад.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора Абдул Барӣ Умар, муовини вазири беҳдошти "Толибон" (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар як нишасти матбуотӣ хабар додааст.

@asiaplustj
Вазъияти имрӯзаи роҳи Душанбе - Чаноқ:

Ҳоло роҳ кушода буда, гузариши нақлиёт, ба ғайр аз Фура ва автомобилҳои притсепдор имконпазир аст. Дар ин бора филиали ширкати IRS дар саҳифаи худ дар "Фейсбук" хабар додааст.

Ҳамчунин ин ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки бо нақлиёти дорои тири пешбар (передок) ба сафар баромада, ба ҳолати техникии автомобилҳояшон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.