Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.4K photos
2.44K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Шиори занони дар тазоҳурот:
"Раисҷумҳури ояндаи Афғонистон як зан аст"

Шуморе аз занони Афғонистон дар Кобул, бо нишони эътироз бар табъиз ва беадолатиҳои иҷтимоӣ даст ба тазоҳурот задаанд.

Дар ин эътирозҳо онҳо бо сар додани шиорҳои "нон, кор ва озодӣ" мегӯянд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид бошад, ки раисҷумҳури ояндаи Афғонистон як зан хоҳад буд.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.28

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
🔺 Нашри пурраи ҷашнвораи ҷоизасупории мусиқавии #TaronaMusicAward - ро шаби соли нав дар YouTube-канали "Азия Плюс" бубинед!
Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28 декабр дар Душанбе маротибаи чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров ноибони президети Кумита интихоб шуда, Муҳаммадшо Абдуллозода ба сифати котиби генералӣ боқӣ монд.

Екатерина Измайлова, Шоҳида Қаландарова, Абдулло Маҳмадализода, Ҳусейнҷон Саидов ва Нигина Хайруллоева ба ҳайати кумитаи иҷроияи КМО шомил шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ҳисоботи Кумита  дар солҳои 2017-2021 шунида шуд.

Зикр шуд, ки дар ин давра 28 варзишгар аз дастгирии молиявии олимпӣ - Токио-2020 бархурдор шуданд, ки маблағи умумии барнома 278 ҳазору 800 долларри ИМА-ро ташкил дод.
Саволҳо дар хусуси масоили маъмурӣ
Asia-Plus
Саволҳо дар хусуси масоили маъмурӣ: ҳалномаҳои судӣ, таҳсили пулакӣ, нафақа, шартномаҳои меҳнатӣ ва ғайра аз тарафи шунавандаҳо ба мо ирсол шуд. Иноят Иноятов ин навбат дар подкасти #Фурсатидонистан ба ин саволҳо ҷавоб мегӯяд. Ҳуқуқшинос ҳамчунин дар хусуси тартиби пешниҳод намудани шикояти маъмурӣ аз болои санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ маълумот медиҳад.

@radioasiaplus
⚡️Дар Тоҷикистон боз ду ид зиёд шуд

Аз ин пас дар Тоҷикистон 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин тасмим дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон дар доираи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои ид қабул гардид.

📸 Сомонаи Вазорати адлияи Тоҷикистон
🔺 Нашри пурраи ҷашнвораи ҷоизасупории мусиқавии #TaronaMusicAward - ро шаби соли нав дар YouTube-канали "Азия Плюс" бубинед! Оғози барнома соати 20:00
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.29

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Тоҷикистониён аз Соли нав чӣ интизориҳо доранд?

Дар ин хусус сокинони пойтахт изҳори назар карданд.

Такмили малакаҳои касбу кор, пул аз Бобои Барфӣ, аз байн рафтани коронавирус ва тинҷиву оромӣ дар кишвар. Ин рӯйхати нопурраи орзуҳоест, ки раҳгузарон дар Душанбе ба мо изҳор намуданд.

https://youtu.be/UDgiVLTX8Go