Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Мадина Мамадҷонова дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда мешавад
Мадина Мамадҷонова дар оромгоҳи Сариосёи Душанбе ба хок супурда мешавад. Хабарнигори "Азия-Плюс" аз маросими видоъ бо Мадина Мамадҷонова, аз манзили зисташон, воқеъ дар кӯчаи Гурминҷ Завқибеков хабар медиҳад, ки ин ҷо наздикону пайвандон ва бархе фаъолони…
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Дар Суғд мехоҳанд ҳукумат фурӯши газӣ табииро барои нақлиёту аҳолӣ иҷоза диҳад
Ширкати “Суғдиёнгаз” дар вилояти Суғд чанд нуқтаи фурӯши гази табиӣ барои нақлиётро омода карда, мунтазир аст, ки ҳукумат иҷоза бидиҳад ва бо ҳамин дар пойин овардани нархи маводи сӯхт мусоидат кунанд.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Сафорат: “тоҷики боррасони захмишудаи “Яндекс.Еда” дар шуъбаи эҳёст”
Марди боррасон (курер)-е, ки дар Маскав бо корд захмӣ шуд, дарвоқеъ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон буда, айни замон дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии шаҳр қарор дорад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.
🔺 Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар як амалиёти вижа ошкор кардааст, ки овозхони шинохта Шуҳрат Сайнаков барои шишаҳои сиёҳи мошинаш иҷозатнома надоштааст.
Манбаъ, акси Сайнаковро дар назди мошинаш тамғаи «Hyundai» нашр кардааст.
📸 аз РВКД Душанбе
@asiaplustj

This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.16
Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс".
Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.

Намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ корро муваққатан боздоштанд
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Комиссияи таҳқиқоти далелҳои куштори Гулбиддин Зиёбеков дар шаҳри Хоруғ кори худро муваққатан қатъ кардаанд. Онҳо далели ин кори худро дахолати аз ҳад зиёди додситонии вилоят, аз ҷумла додситони вилоят Парвиз Орифзода ба кори комиссия унвон мекунанд.
Дар ин бора яке аз аъзои ин комиссия ба "Азия-Плюс" хабар дод.
📸 шабакаҳои иҷтимоӣ
@asiaplustj
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Комиссияи таҳқиқоти далелҳои куштори Гулбиддин Зиёбеков дар шаҳри Хоруғ кори худро муваққатан қатъ кардаанд. Онҳо далели ин кори худро дахолати аз ҳад зиёди додситонии вилоят, аз ҷумла додситони вилоят Парвиз Орифзода ба кори комиссия унвон мекунанд.
Дар ин бора яке аз аъзои ин комиссия ба "Азия-Плюс" хабар дод.
📸 шабакаҳои иҷтимоӣ
@asiaplustj
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
“Додистони вилоят халал мерасонад”: Намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ корро муваққатан боздоштанд
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Комиссияи таҳқиқоти далелҳои куштори Гулбиддин Зиёбеков дар шаҳри Хоруғ кори худро муваққатан қатъ кардаанд. Онҳо далели ин кори худро дахолати аз ҳад зиёди додситонии вилоят, аз ҷумла додситони вилоят Парвиз Орифзода ба кори…
Чаро дар кучаҳои Душанбе ва дигар гӯшаҳои кишвар санъати муоссири рассомӣ таблиғ намешавад?
Дар нашри навбатии подкасти мо, Тоҳир Назар, рассом иштирок дорад. Мақсади даъвати Тоҳир барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар самтҳои гуногуни рассомӣ кору фаъолият кардааст ва яқинан бо наслҳои гуногун дар ин соҳа бархурд кардааст. Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти мо ҳамсӯҳбатамон посух хоҳад гуфт.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF
https://www.youtube.com/watch?v=S00laA1ePio

«Рости гап»: ток-шоуи ҷадиди «Азия-Плюс« бо Орзу Исоев
«Азия-Плюс» ток-шоуи ҷадиде барои матраҳи мавзӯҳои муҳим оғоз мекунад.
Нахустин нашри ток-шоуи «Рости гап» ба муҳоҷирати ҷавонони тоҷик берун аз кишвар бахшида шудааст.
Чаро ҷавонон Тоҷикистонро тарк мекунанд? Ин хуб аст ё бад? Чӣ бояд кард, то мутахассисони ҷавон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан баргарданд? Мо дар як сӯҳбат бо коршиносон ва рӯзноманигорон ин масъалаҳоро баррасӣ кардем.
Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» лоиҳаи нав – силсилаи ток-шоуҳоро бо номи «Рости гап» оғоз мекунад, ки дар он коршиносон ва иштирокчиёни барнома мавзӯъҳои рӯзмарраи ҷавонони тоҷик ва тамоми ҷомеаи моро баррасӣ мекунанд. Модератор - рӯзноманигор ва барандаи маъруф Орзу Исоев хоҳад буд.
Нашрҳо ҳар моҳ дар YouTube-канали Asia-Plus TV ва дар сомонаи мо нашр мешаванд.
Нахустин ток-шоуи «Рости гап» ба мушкилоти муҳоҷирати ҷавонон ва "фирори мағзҳо" аз кишвари мо бахшида шудааст. Муҳоҷират имрӯз барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба як тамоюли ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Ҷавонон ба хориҷа барои таҳсили хуб ва ё пайдо кардани ҷойҳои кории сердаромад мераванд. Бархе аз беадолатии иҷтимоӣ ё набудани дурнамои рушд ба сарзамини бегона мекӯчанд. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон паси дарвозаи сафорати Русия барои дарёфти “роҳхат” дар доираи Барномаи кӯмак ба кӯчи ҳамватанон ба Русия навбат мепоянд. Дигарон ҳуҷҷатҳо барои лотереяи Green Card-ро барои сафар ба Амрико пур мекунанд.
Бале, ин як тамоюли умумӣ дар ҷаҳони муосир аст, аммо агар он бо чунин суръат идома ёбад, оё дар натиҷа мо аз табибони хуб, омӯзгорон, муҳандисон, барномасозон намемонем? Давлат ва соҳибкорон барои ташвиқи ҷавонон ба ватан баргаштан ва дар ин ҷо худро дарк кардан чӣ кор мекунанд?
Дар нахустин шари ток-шоу Усмонҷон Миралиев - раҳбари “Алиф Технология”, Фаррух Умаров - раҳбари стартапи “Илмхона”, Шоҳхусрав Аюбзода - раҳбари Маҳфили “Ҷавононе, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд”, корманди Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба ҳайси коршиносон иштирок карданд.
Ҳамчунин рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт низ иштирок намуданд.
Дар рафти мубоҳиса коршиносон ва рӯзноманигорон кӯшиш карданд, ки ин масъалаҳоро муҳокима кунанд. Суҳбат ҳаячонбахш гузашт ва иштирокчиён ба ҳамаи саволхо ҷавоб ёфта натавонистанд. Мавзӯъ калон ва мураккаб аст. Вале мо боварӣ дорем, ки дар ин бора ба таври оммавй сухан рондан лозим аст.
https://youtu.be/vi-UNExpQsA

YouTube
"Рости гап": чаро ҷавонони тоҷик аз Ватан "фирор" мекунанд
Нахустин нашри ток-шоуи «Рости гап» ба муҳоҷирати ҷавонони тоҷик берун аз кишвар бахшида шудааст. Чаро ҷавонон Тоҷикистонро тарк мекунанд? Ин хуб аст ё бад? Чӣ бояд кард, то мутахассисони ҷавон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан баргарданд? Мо дар як сӯҳбат…
🔺 Соҳибкорони бозори “Султони Кабир” ба бозори “Кӯшониён” кӯчонида мешаванд
Дар ин бора муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода дар мулоқот бо соҳибкорони бозори "Султони Кабир", ки ин лаҳзаҳо дар бозор ҷараён дорад, изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай беш аз 600 нафар соҳибкорони бозор барои гузаштан ба бозори «Кӯшониён» муроҷиат кардаанд.
"Бозори «Кӯшониён» омода аст, ки аз ҳамин моҳ ба қабули соҳибкорон шурӯъ кунад ва то 1 июн соҳибкорон барои макони нав иҷорапулӣ намедиҳанд", - гуфт Гуреззода.
Дар ҷаласа раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шарифзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Фатҳиддин, директори бозори «Кӯшониён» Муҳаммадшоҳ Давлатшозода ва молики бозори «Султони Кабир» Аваз Кабиров низ ширкат доранд.

🔺 Гурӯҳе аз занони Кобул имрӯз бо нишони эътироз хостори иштирок дар умури сиёсии Афғонистон шуданд.
🎥: Расонаҳои маҳаллии Афғонистон
🎥: Расонаҳои маҳаллии Афғонистон
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
“Хоруғ, лағви имтиёзҳову сохторҳои нодаркор”: Коршиносон аз паёми раисҷумҳур мунтазири чистанд?
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 декабр ба порлумони кишвар паём медиҳад, ки интизор меравад муҳимтарин масоили ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳадафҳои милливу минтақаӣ дар он баррасӣ шавад.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
91 млн доллар барои роҳи Ховалинг-Тавилдара. Баҳси роҳҳо дар порлумон
Вакилони парлумони Тоҷикистон созишнома миёни Тоҷикистон ва Бунёди Кувейтии рушди иқтисодиро ба тасвиб расониданд, ки дар доираи он кӯмаки бебозгашт барои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи роҳи мошингарди Ховалинг–Тавилдара карда мешавад.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Дар Хуҷанд бар асари камбуди "солярка" се рӯз аст нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунад
Дар шаҳри Хуҷанд аллакай се рӯз инҷониб автобусҳо ба хатсайрҳо намебароянд. Сабаби қатъи кори нақлиёт ба камбуди сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар шаҳр вобаста буда, лекин ин мушкил қариб ҳал шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” Музаффар Раҳимхоҷаев, директори…
⚡️Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо нашри як эълон гуфтааст, ки шурӯъ, аз 20 декабр аз соати 9:00 то 13:00 ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд қатъ мегардад.
Аз БДА гуфтанд, ин маҳдудият то кай идома мекунад, маълум нест.
Ин ниҳод, тасмими мазкурро ба гузаронидани корҳои таъмирию- барқароркуни дар дохили нақби "Истиқлол" рабт додааст.
📸 шабакаҳои иҷтимоӣ
@asiaplustj
Аз БДА гуфтанд, ин маҳдудият то кай идома мекунад, маълум нест.
Ин ниҳод, тасмими мазкурро ба гузаронидани корҳои таъмирию- барқароркуни дар дохили нақби "Истиқлол" рабт додааст.
📸 шабакаҳои иҷтимоӣ
@asiaplustj
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Сатҳи Гулрухсор. Ёддоште ба ифтихори 75-солагии шоири нухбаи тоҷик
Дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор танҳо як зан ё шоира нест. Балки Гулрухсор як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ…
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Баҳси вижаи “Толибон” дар Исломобод: Тоҷикистон дар он ширкат мекунад
Дар нишасти вижаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Исломобод, ки меҳвари он баҳси “Толибон” аст, Тоҷикистон дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷӣ ширкат мекунад. Қарор аст, ин конфронс рӯзи якшанбе ба кори худ оғоз кунад.