Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.5K photos
2.44K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🔺 Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар як амалиёти вижа ошкор кардааст, ки овозхони шинохта Шуҳрат Сайнаков барои шишаҳои сиёҳи мошинаш иҷозатнома надоштааст.

Манбаъ, акси Сайнаковро дар назди мошинаш тамғаи «Hyundai» нашр кардааст.

📸 аз РВКД Душанбе

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.16

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс".

Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ корро муваққатан боздоштанд

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Комиссияи таҳқиқоти далелҳои куштори Гулбиддин Зиёбеков дар шаҳри Хоруғ кори худро муваққатан қатъ кардаанд. Онҳо далели ин кори худро дахолати аз ҳад зиёди додситонии вилоят, аз ҷумла додситони вилоят Парвиз Орифзода ба кори комиссия унвон мекунанд.
Дар ин бора яке аз аъзои ин комиссия ба "Азия-Плюс" хабар дод.

📸 шабакаҳои иҷтимоӣ
@asiaplustj
Чаро дар кучаҳои Душанбе ва дигар гӯшаҳои кишвар санъати муоссири рассомӣ таблиғ намешавад?
Дар нашри навбатии подкасти мо, Тоҳир Назар, рассом иштирок дорад. Мақсади даъвати Тоҳир барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар самтҳои гуногуни рассомӣ кору фаъолият кардааст ва яқинан бо наслҳои гуногун дар ин соҳа бархурд кардааст. Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти мо ҳамсӯҳбатамон посух хоҳад гуфт.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://www.youtube.com/watch?v=S00laA1ePio
«Рости гап»: ток-шоуи ҷадиди «Азия-Плюс« бо Орзу Исоев

«Азия-Плюс» ток-шоуи ҷадиде барои матраҳи мавзӯҳои муҳим оғоз мекунад.
Нахустин нашри ток-шоуи «Рости гап» ба муҳоҷирати ҷавонони тоҷик берун аз кишвар бахшида шудааст.

Чаро ҷавонон Тоҷикистонро тарк мекунанд? Ин хуб аст ё бад? Чӣ бояд кард, то мутахассисони ҷавон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан баргарданд? Мо дар як сӯҳбат бо коршиносон ва рӯзноманигорон ин масъалаҳоро баррасӣ кардем.

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» лоиҳаи нав – силсилаи ток-шоуҳоро бо номи «Рости гап» оғоз мекунад, ки дар он коршиносон ва иштирокчиёни барнома мавзӯъҳои рӯзмарраи ҷавонони тоҷик ва тамоми ҷомеаи моро баррасӣ мекунанд. Модератор - рӯзноманигор ва барандаи маъруф Орзу Исоев хоҳад буд.

Нашрҳо ҳар моҳ дар YouTube-канали Asia-Plus TV ва дар сомонаи мо нашр мешаванд.

Нахустин ток-шоуи «Рости гап» ба мушкилоти муҳоҷирати ҷавонон ва "фирори мағзҳо" аз кишвари мо бахшида шудааст. Муҳоҷират имрӯз барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба як тамоюли ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Ҷавонон ба хориҷа барои таҳсили хуб ва ё пайдо кардани ҷойҳои кории сердаромад мераванд. Бархе аз беадолатии иҷтимоӣ ё набудани дурнамои рушд ба сарзамини бегона мекӯчанд. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон паси дарвозаи сафорати Русия барои дарёфти “роҳхат” дар доираи Барномаи кӯмак ба кӯчи ҳамватанон ба Русия навбат мепоянд. Дигарон ҳуҷҷатҳо барои лотереяи Green Card-ро барои сафар ба Амрико пур мекунанд.

Бале, ин як тамоюли умумӣ дар ҷаҳони муосир аст, аммо агар он бо чунин суръат идома ёбад, оё дар натиҷа мо аз табибони хуб, омӯзгорон, муҳандисон, барномасозон намемонем? Давлат ва соҳибкорон барои ташвиқи ҷавонон ба ватан баргаштан ва дар ин ҷо худро дарк кардан чӣ кор мекунанд?

Дар нахустин шари ток-шоу Усмонҷон Миралиев - раҳбари “Алиф Технология”, Фаррух Умаров - раҳбари стартапи “Илмхона”, Шоҳхусрав Аюбзода - раҳбари Маҳфили “Ҷавононе, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд”, корманди Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба ҳайси коршиносон иштирок карданд.

Ҳамчунин рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт низ иштирок намуданд.
Дар рафти мубоҳиса коршиносон ва рӯзноманигорон кӯшиш карданд, ки ин масъалаҳоро муҳокима кунанд. Суҳбат ҳаячонбахш гузашт ва иштирокчиён ба ҳамаи саволхо ҷавоб ёфта натавонистанд. Мавзӯъ калон ва мураккаб аст. Вале мо боварӣ дорем, ки дар ин бора ба таври оммавй сухан рондан лозим аст.

https://youtu.be/vi-UNExpQsA
🔺 Соҳибкорони бозори “Султони Кабир” ба бозори “Кӯшониён” кӯчонида мешаванд

Дар ин бора муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода дар мулоқот бо соҳибкорони бозори "Султони Кабир", ки ин лаҳзаҳо дар бозор ҷараён дорад, изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, аллакай беш аз 600 нафар соҳибкорони бозор барои гузаштан ба бозори «Кӯшониён» муроҷиат кардаанд.

"Бозори «Кӯшониён» омода аст, ки аз ҳамин моҳ ба қабули соҳибкорон шурӯъ кунад ва то 1 июн соҳибкорон барои макони нав иҷорапулӣ намедиҳанд", - гуфт Гуреззода.

Дар ҷаласа раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шарифзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Фатҳиддин, директори бозори «Кӯшониён» Муҳаммадшоҳ Давлатшозода ва молики бозори «Султони Кабир» Аваз Кабиров низ ширкат доранд.

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Гурӯҳе аз занони Кобул имрӯз бо нишони эътироз хостори иштирок дар умури сиёсии Афғонистон шуданд.

🎥: Расонаҳои маҳаллии Афғонистон