Азия-Плюс TJ
26.9K subscribers
11.7K photos
2.78K videos
1 file
19.7K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Мадина Мамадҷонова дар беморхона даргузашт

Мадина Мамадҷонова, баъди сеюним моҳӣ беҳушӣ дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.

Даргузашти ӯро вакили мудофеяш Оқил Сангов ба "Азия-Плюс" таъйид кард.

Ба гуфтаи Сангов, Мадина ним соат пеш даргузашт ва ҷасадаш то ҳол дар бемористон аст.

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.15

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз духтаронашро дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сафир таъйин намудааст.

Рухшона то ин вақт дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

Матни таъйини Рухшонаи Эмомалиро шоми имрӯз, 15 декабр сомонаи расмии президенти Тоҷикистон дар баробари дигар тағйиротҳои кадрӣ нашр намуд.

Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мансаб Масуд Халифазодаро иваз кард. Дар фармони Халифазода сабаби барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” дарҷ шудааст.

Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи кор дар мақомоти корҳои хориҷии кишварро дошт ва номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат зикр шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати маъруфи "Фароз" аст. Қаблан Рухшона дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт.

@asiaplustj
🔺 Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар як амалиёти вижа ошкор кардааст, ки овозхони шинохта Шуҳрат Сайнаков барои шишаҳои сиёҳи мошинаш иҷозатнома надоштааст.

Манбаъ, акси Сайнаковро дар назди мошинаш тамғаи «Hyundai» нашр кардааст.

📸 аз РВКД Душанбе

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.16

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс".

Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ корро муваққатан боздоштанд

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Комиссияи таҳқиқоти далелҳои куштори Гулбиддин Зиёбеков дар шаҳри Хоруғ кори худро муваққатан қатъ кардаанд. Онҳо далели ин кори худро дахолати аз ҳад зиёди додситонии вилоят, аз ҷумла додситони вилоят Парвиз Орифзода ба кори комиссия унвон мекунанд.
Дар ин бора яке аз аъзои ин комиссия ба "Азия-Плюс" хабар дод.

📸 шабакаҳои иҷтимоӣ
@asiaplustj
Чаро дар кучаҳои Душанбе ва дигар гӯшаҳои кишвар санъати муоссири рассомӣ таблиғ намешавад?
Дар нашри навбатии подкасти мо, Тоҳир Назар, рассом иштирок дорад. Мақсади даъвати Тоҳир барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар самтҳои гуногуни рассомӣ кору фаъолият кардааст ва яқинан бо наслҳои гуногун дар ин соҳа бархурд кардааст. Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти мо ҳамсӯҳбатамон посух хоҳад гуфт.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://www.youtube.com/watch?v=S00laA1ePio