Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.4K photos
2.43K videos
1 file
17.9K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🎄Дар Душанбе чароғҳои арчаи асосии солинавӣ фурӯзон шуданд!

@asiaplustj
СПАД зерсохтҳои низомӣ дар Тоҷикистонро тақвият мекунад

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба хотири таъмини амният дар минтақа зерсохтҳои низомӣ дар Тоҷикистонро тақвият медиҳад. Ин нуктаро зимни ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмон раиси ин Кумита, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов баён доштааст, менависад ТАСС.

“Бо мақсади ҷойгиркунии гурӯҳҳои эътилофии нерӯҳои дастаҷамъии СПАД, самтҳои кори минбаъда оид ба беҳбуди зерсохтҳои ҳарбӣ дар қаламрави Тоҷикистон муайян шуданд”, - иброз доштааст Герасимов.

Тибқи арзёбии сардори Ситоди кулл, “ҳадафҳои дар ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ гузошташуда амалӣ гардида, натиҷаҳо ба таҳкими низоми амнияти дастаҷамъӣ ва ҳифзи суботи минтақа мусоидат хоҳанд кард”.

Дар пасманзари сари ҳокимият омадани “Толибон”, Русия ва кишварҳои дигари минтақа аз вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронии шадид мекунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20211209/saad-zerbinoi-arbiro-dar-toikiston-takmil-mediad
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🎉 Песни-номинанты на музыкальную Премию #TaronaMusicAward 20/21 в исполнении группы Парем:
🎶 Нару-Нару
🎶 Ошики Зорам

Одна из них станет лауреатом Премии. Какая? Узнаешь уже послезавтра

Генеральный партнер - Ориёнбанк
Официальный партнер – Мармари

Эстетический партнер - Промоиталия
Голд партнер - Точик Кристалл
Страховой партнер - Асри 21
Инвестиционный партнер - FIFTYFIVE GROUP
Партнер уюта - Impero Home
Партнер здоровья - вода ReO
За безопасность отвечает «Барс»
Партнер иммунитета - Alhadaya Tajikistan
Партнер Церемонии – Суруш Холл
Партнер afterparty – Ресто-клуб LOFT

@radioasiaplus
Мусодираи 120 ҳазор дона “хлопушка” аз як ҷавони 18-сола дар Душанбе

Ворид намудан, паҳнкунӣ ва фурӯши маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон аз соли 2008 манъ аст.

Кормандони милитсияи пойтахт як сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз боздоштшуда Билол Фарҳодови 18-сола 120 ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфту мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел нисбат ба Фарҳодов мутобиқи моддаи 199(1) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад.

Мувофиқи моддаи 199 (илов. 1) Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ) ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мавсими “шикор”-и маснуоти тарфгарӣ оғоз мебахшанд; он аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, нуқтаи авҷаш ба рӯзҳои таҷлили ҷашни Соли нав рост меояд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ворид намудан, паҳнкунӣ ва фурӯши маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон аз соли 2008 манъ аст.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20211209/musodirai-120-azor-dona-hlopushka-dar-dushanbe-az-yak-avoni-18-sola
🛎Силсилаи тарабхонаҳои байналмиллалии CZN-BURAK ба тарабхонаи консептуалӣ дар Душанбе коргар меҷӯяд🚀

Музди кори болотар аз бозор, бақайдгири аз рӯйи Кодекси меҳнати ҶТ...

Ҷойҳои кории холӣ:

👨💼 Ёвари мудири тарабхона
Талабот: Таҷрибаи 5-сола, донистани забони русӣ (ҳатмӣ), англисӣ (бартарӣ дорад)
Музди меҳнат + бонус.

🙎♂ Роҳбарон (администраторҳо) бо таҷрибаи 2-3 сола.
Талабот: Донистани забони русӣ

🍹 Бармен / Бариста. Таҷрибаи корӣ на камтар аз 1 сол. Донистани забони русӣ.

💁♂ Пешхизматҳо
Талабот: Таҷрибаи на камтар аз 1 сол. Донистани забони русӣ.

💁♂ Ёвари пешхизмат
Талабот: Таҷриба дар соҳаи хизматрасонӣ. Донистани забони русӣ.

👸 Хостесҳо. Талабот: (Духтарони донандаи забони русӣ)
Ба нафароне, ки таҷрибаи корӣ доранд бартарӣ дода мешавад.

🌊 Фаррошон

❗️📞 Барои маълумоти бештар ба рақами 9494 занг занед.

Таблиғ
Forwarded from Zira Media
Дар нашри навбатии подкасти "Маро бишунав" Гулҷаҳон Камолзода, роҳруб, модари як фарзанд, иштирок дорад. Мақсади даъвати Гулҷаҳон барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар вақту соатҳои гуногун машғули тозакорӣ аст ва дақиқан шоҳиди чандин воқеаву ҳодисаҳои бархурди наслҳо дар ин хиёбонҳо шудааст.
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.9

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.