Parviz TV
13.9K subscribers
1.7K photos
2.25K videos
92 links
🎥 Видᴇᴏ-нᴏʙᴏᴄᴛи Тᴀджиᴋиᴄᴛᴀнᴀ 🇹🇯

🔰 Пᴏдᴨиɯитеᴄь дᴏᴩᴏᴦиᴇ дᴩуɜья

✍🏻 По вопросам рекламы и сотрудничества: @ReklamaTj_bot
Download Telegram
8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.

8 июля Президент Кыргызской Республики уважаемый Садыр Жапаров прибыл в Республику Таджикистан с государственным визитом.

Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в знак большого уважения встретил высокопоставленного гостя – Президента Кыргызской Республики уважаемого Садыра Жапарова.
С целью достойной встречи почётного гостя международный аэропорт Душанбе был празднично украшен государственными флагами двух стран, портретами глав государств Таджикистана и Кыргызстана и лозунгами, воспевающими дружбу народов двух государств.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қирғизистон #Кыргызстан #Kyrgyzstan #СафариДавлатӣ #ГосударственныйВизит #StateVisit

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
31👍2👎1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Корчазани дар н.Мастчоҳи нав участка-1 . Айниҳол сабабҳояш ба мо маълум нест.
😱118
Parviz TV
Корчазани дар н.Мастчоҳи нав участка-1 . Айниҳол сабабҳояш ба мо маълум нест.
🔞Барои замин 2 амакбачаашро корча задааст 🤦‍♂️

Нафаре,ки ин навору аксҳоро фиристод мегуяд,рӯзи 09.07.2025 дар ноҳияи Мастчоҳ як марди сокини ин ноҳия бар сари баҳси замин ду амакбачаашро корд задааст.Гуфта мешавад,мақомоти интизомӣ ҳамлаварро боздошт намудаанд.
😱119😭3
Як духтари 13-сола бо номи Усмонализода Бону, 5 моҳ мешавад, ки бедарак аст. Пайвандонаш ӯро ҷустуҷӯ доранд, вале то ҳол ягон хабар нест.Агар ягон кас ин духтаракро дида бошад ё маълумоте дорад, бо наздиконаш тамос гирад:

📞 Падар: 907 20 43 43
📞 Бибиаш: 901 61 55 58

Бо умеди ёфтани Бону. Илтимос, паёмро паҳн кунед.
😢248👍3
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Новости Наслҳои нави бузи кӯҳӣ дар Тоҷикистон. Онҳоро дар Тоҷикистон бузи морхур ҳам мегӯянд. Ин намуд бузҳо асосан дар кӯҳҳои баландӣ Тоҷикистон мегарданд ва ҳайвони хело нодир ҳастанд.
👍2110
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Мегӯянд ки Ҳамкурсони (ҳамсинфони) Шумо ба кӯҳ ба истироҳат рафтанд, гов бошад ба оши онҳо ҳамроҳ шудааст 😂
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😁427👍3
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Садамаи вазнин дар роҳи Кӯлоб. Ду мошин ба ҳам бархӯрдаанд,ки дар натиҷа яке аз мошинҳо чаппа шудааст. Дигар ронандагон ва пиёдагардон омада кӯмак карданд, мусофиронро аз дохили мошинҳо берун карданд ва ба беморхона интиқол додаанд.
Тақдири баъдинаи мусофирон ва ронандагон ҳоло маълум нест.

Аз ҳамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки дар роҳ эҳтиёт бошанд. Мошинро бо суръати баланд наронед. Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоед
12😢2
Forwarded from dushanbepolice 🇹🇯
Бо мақсади ба даст овардани маблағ, ҷамъоварии маълумоти шахсӣ, паст задани шаъну шараф ва нашри он тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутаассифона имрӯзҳо зиёд гардидаанд. Аз ҷумла, пешбарандаи саҳифаи мустаъори бо номи «zevarzoda_fors», дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм», мунтазам ба ин амали нангин машғул буд.
Дар натиҷаи санҷиш, аз ҷониби кормандони ШКҶ Раёсати ВКД дар ш.Душанбе муайян карда шуд, ки Каримиён Маҳинбону саҳифаи мазкурро таъсис додааст. Номбурда бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиён ва бо ин роҳ ба даст овардани маблағ наворҳои таҳқиркунандаи шаъну эътибори санъаткорон, фаъолони ҷомеа ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногунро, дар саҳифаи худ бознашр мекард. Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсия бо Каримиён М., корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Бо назардошти тамоюли зиёдшавӣ доштани ин омил, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳар нафаре бо номҳои мустаъор саҳифа таъсис дода, ба нашри наворҳои таҳқиркунандаи обру ва эътибори дигарон машғул мегардад, фаъолияти минбаъдаи саҳифаи ӯ манъ карда шуда, ҳамзамон дар доираи қонун ба ҷавабгарӣ ҷалб карда мешавад.


В последнее время участились случаи создания фейковых страниц в социальных сетях с целью получения денежных средств, сбора личной информации, а также унижения чести и достоинства граждан посредством публикаций. В частности, на странице под псевдонимом «zevarzoda_fors», в социальной сети "Инстаграм" регулярно размещались оскорбительные материалы. В ходе проверки, проведённой сотрудниками уголовного розыска Управления МВД по городу Душанбе, было установлено, что данную страницу создала Каримиён Махинбону.
С целью увеличения количества подписчиков и получения финансовой выгоды, она публиковала на своей странице видеоматериалы, порочащие честь и достоинство представителей искусства, общественных деятелей и других граждан различных профессий.
В связи с этим, сотрудниками милиции с ней были проведены профилактические и разъяснительные беседы.
Учитывая рост подобных нарушений, Управление МВД по городу Душанбе доводить до сведения граждан, что
все лица, создающие страницы под вымышленными именами и распространяющие материалы, порочащие репутацию других, будут привлечены к ответственности в установленном законом порядке, а деятельность таких страниц будет приостановлена.
@dushanbe_police_tj
17😁3🔥1🤬1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Сухтори 2 электро мобил дар ш Худжанд
Хушбахтона касе осеби вазнин надидааст.
Мегуянд Система охлажденияи ин мошинхо кор накардас.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз. Бо худ ҳатман оташхомӯшкунак дошта бошед. Ҳангоми сӯхтор зуд ба 101 занг занед
😢137😭3😁2👍1
#менависанд Хамин духтар аз хонаашон рузи 11июль баромада то хол бар нагаштааст. Чандруз шид модараш давлениш баланд, касоне дар кучое дида бошанд ба хамин номерхо занг занад. 918482827
😢82😁1
#Новости Имрӯз 22.07.2025 ва пагоҳ 23.07.2025 дар Тоҷикистон ҳаво то 46 дараҷа гарм мешудааст.

Дар вилояти Хатлон аз 41 то 46
Дар вилояти Суғд аз 38 то 43
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ аз 34 то 44
Дар ВМКБ аз 35 то 39 дараҷа гарм мешавад.

Худ ва дигаронро аз гарми эҳтиёт намоед.

Шумо дар ин гарми бо чикор машғул ҳастед? Метавонед дар комментария ирсол намоед 👇
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😁174🔥2
⚠️ Агар аксу наворҳо оид ба хабарҳои Тоҷикистонро дошта бошед ба инҷо ирсол намоед

@Parviztvnewsbot_bot

Оиди чизҳои ёфтшуда ва дигар масъалаҳо ва ё,ки саволҳо ба инҷо нависед

@Poteryashkiiiii

Ҳамаи эълонҳои чизҳои ёфтшуда ройгон дар инҷо нашр мешаванд 👇

https://t.iss.one/poteryashki_tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4
🚨 Акрамов Маъруф, сокини 26-солаи ш.Душанбе, зимни идораи нақлиёт нисбати як нафар ҷавондухтар ишораҳои ғайриахлоқӣ анҷом дода, ҳамзамон бо алфози қабеҳ ӯро дашном додааст.
Муроҷиати ин ҷавондухтар аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Акрамов М., бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардид. Аз ҷониби Суд нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍76
Forwarded from dushanbepolice 🇹🇯
Санаи 24-уми июл, тақрибан соати 6-и субҳ дар кӯчаи Ҷанубии ноҳияи Фирдавсӣ садамаи нақлиётӣ рух дод.
Сайзуҳуров Зиёвуддин-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «AION», зимни ҳаракат тавассути кӯчаи мазкур аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, Рабиева Ҳ., ки дар канори роҳ ба роҳрубӣ машғул буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуд.
Ҳодисаи мазкур мавриди санҷиш қарор дорад.
Вобаста ба ин, аз ронандагон талаб карда мешавад, зимни идораи нақлиёт бо диққат бошанд, қоидаҳои ҳаркати роҳро қатъиян риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.


24 июля, примерно в 6 часов утра, на улице Джануби района Фирдавси произошла дорожно-транспортная происшествие.
Водитель автомобиля марки «AION» Сайзухуров Зиёвуддин, двигаясь по данной улице, не справился с управлением и совершил наезд на Рабиеву Х., которая в это время убирала придорожную территорию.
В результате происшествия пострадавшая получила телесные повреждения и была госпитализирована.
В настоящее время по данному факту проводится проверка.
В связи с этим водителям настоятельно рекомендуется быть предельно внимательными при управлении транспортом, строго соблюдать правила дорожного движения и не подвергать опасности свою жизнь, и жизнь окружающих.
@dushanbe_police_tj
9🤬9😢5😁2😱2
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҳодисаи хунини Конибодомро дар ёд доред?
2😐1
Parviz TV
Ҳодисаи хунини Конибодомро дар ёд доред?
Дар пайванд ба силсилакушторҳои пурсарусадои соли гузашта дар Конибодом чаҳор нафар ба ҳукми абад маҳкум шудаанд. Дар ин бора Даврон Зоҳидзод, раиси шаҳри Конибодом имрӯз, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ бо баҳонаи “аз рафти тафтишот огоҳ нестам” дар робита ба ин масъала ҷузъиёт надод ва ҳатто нагуфт, ки ҳукми гумонбарон кай содир шудааст.

Қаблан, рӯзи 21-уми декабри соли 2024, баъди қариб 9 моҳи оғози кушторҳои мармузи аъзои чанд оила дар Конибодом, Додситонии кулли кишвар бо нашри як иттилоия гуфта буд, ки “ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда”, дар робита ба ин ҳодиса нафарони зерин ҳамчун гумонбар боздошт ва алайҳашон парванда боз гардидааст:

- Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

- Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

- Равшанов Бахтиёри 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;

- Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом.

Назари маҳкумшудаҳо, наздикон ва вакили дифои онҳо ба ҳукми додгоҳ маъум нест.

Вале қаблан, наздикони чаҳор гумонбар аз бегуноҳии онҳо таъкид карда гуфта буданд, ки “ба тафтишоти одилона умед доранд”.

Дар ҳамин ҳол, Диловар Ализода, нозири калони гуруҳи таҳлилӣ-назоратии Шӯъбаи ВКД дар Конибодом дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар пайи кушторҳо нисбати ду шаҳрванди Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст ва онҳо дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.
7😐1