Овози Самарқанд/Samarqand ovozi
2.22K subscribers
57.5K photos
15.2K videos
46 files
40.7K links
🏢Муассисон:
Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд

💠Facebook facebook.com/OvoziSamarqand
💠Telegram t.iss.one/ovozisamarqand
💠YouTube youtube.com/channel/UCYdnzgQ0zay6n5g7VxigmQg
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Назм

Вой, ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,
Оҳ, ман афтодаам, афтода чун беморҳо.
Рӯзу шаб мерӯяму рӯйиданам ин аст, ин:
Шохаҳои оҳакӣ дар зери сақфи ғорҳо!
Дар кавире сахт сӯзон мояи навмедӣ аст
Устухоне монда боқӣ аз тани мурдорҳо.
Лошахорон дар танам ковидаву нодида ҳеҷ,
Хашмгин кӯбида бар ҳам болҳо, минқорҳо.
Холиам, холитар аз як хоб ё аз як сукут,
Ай шумо, аз зиндагӣ лабрезҳо, саршорҳо!
Дӯстонам одамакҳо, одамакҳоям гилӣ,
Душманонам гургҳо, кафторҳо, хунхорҳо…
Рӯзҳоям, ҳафтаҳоям, солҳоям чист? Чист?
Достоне кӯҳна бо тақлидҳо, такрорҳо!
Ай, ки чашмандози сабзе дидаӣ, овоз деҳ,
То ҷавобам бишнавӣ аз пушти ин деворҳо.

✍️Симини Беҳбаҳонӣ

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Ҷараёни бақайдгирии шаҳрвандон идома дорад

Дар ҳар мамлакати ҷаҳон доштани маълумот оиди аҳолӣ ва тарзи зиндагии он муҳим аст. Аз ин рӯ дар кишварамон низ барӯйихатгирии шаҳрвандон то ҳол идома дорад. Мувофиқи ҳолати 1‑уми июли соли 2023 дар Ӯзбекистон шумори умумии аҳолӣ 36 372,3 ҳазор нафар буда, 18 557,5 ҳазор нафари (51,0 фоиз) онҳо дар шаҳр, 17 814,8 ҳазор (49,0 фоиз) нафар дар деҳот зиндагонӣ мекунанд.

👉 https://ovozi.uz/53992/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ШУМОРАИ НАВБАТИИ 67-УМИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД"-РО БАРОИ МУТОЛИА ПЕШКАШ МЕКУНЕМ.

🧾 ШАКЛИ PDF

👉 https://ovozi.uz/wp-content/uploads/2021/04/Gazeta-2023-67.pdf

ДАР ШУМОРАИ НАВБАТӢ:

📰 ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ БУНЁДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
👉 https://ovozi.uz/53980/
📰 «АКНУН БО ҒАЙРАТИ ДУЧАНД КОР ХОҲЕМ КАРД…»
👉 https://ovozi.uz/53983/
📰 ФОРУМИ МИЛЛИИ II УСТОДОН ГУЗАРОНИДА ШУД
👉 https://ovozi.uz/53956/
📰 ТАЪМИНИ ДОНИШҶӮЁН БО ХОБГОҲ: 10 САВОЛРО 10 ҶАВОБ
👉 https://ovozi.uz/53986/

ин мақолаҳо ва матолиби дигари рӯзноманигоронро мутолиа намоед.

🌐 Сайт https://ovozi.uz/
МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ:
Telegram | YouTube | Facebook
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни занон кӣ ғолиб гардид?

Дастаи мунтахаби занонаи Англия дар муборизаи устувор натавонист дастаи мунтахаби Испанияро дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол мағлуб созад.

👉 https://ovozi.uz/53996/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Манзили донишҷӯён аз моҳи сентябр ба истифода супурда мешавад

Ба саволи «Манзилҳои донишҷӯён, ки дар Самарқанд сохта мешаванд, оё сари вақт ба истифода дода мешаванд?» муассисаҳои таълими олӣ муносибати худро изҳор карда буданд, аммо филиали Каттақӯрғонии ДДС бо сабабҳои номаълум хомӯш буд. Ва ниҳоят филиали Каттақӯрғонии ДДС низ дар бораи манзилҳои донишҷӯён маълумот дод.

👉 https://ovozi.uz/54008/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
МАРҲАЛАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН ОҒОЗ МЕЁБАД

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 22 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи ҳамсараш бо сафари давлатӣ ба шаҳри Боку рафт.
Дар фурудгоҳи пойтахт ба номи Ҳайдар Алиев роҳбари давлати моро муовини аввали Сарвазири Озарбойҷон Яқуб Эюбов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

👉 https://ovozi.uz/53999/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#Панди_бузургон

Кори дилбазани намешудагӣ нест, вале одамҳои намешудагӣ ҳастанд, ки ба онҳо ҳеҷ гуна кор табъи дил нест.

©️ Айн Рэнд

Telegram | YouTube | Facebook
#Шифохонаи_табиат

Хусусиятҳои шифобахшии бодиринг

1.Бодирингро бихӯранд, пешобро меронад.

2.Тухми бодирингро кӯфта, ба варами гарм гузошта банданд, онро таҳлил медиҳад.

3.Ҳар рӯз се дирам тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, варами сипурзи одамони гарммизоҷро таҳлил медиҳад.

👉 https://ovozi.uz/54017/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар Боку башарафи Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш дастархон ороста шуд

Дар қасри Гулистони шаҳри Боку аз номи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва хонуми аввал Меҳрибон Алиева ба ифтихори президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш Зироатхон Мирзиёева дастархони зиёфати давлатӣ барпо шуд. Дар ин бора, Маркази фарҳангии назди Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ӯзбекистон ба номи Ҳайдар Алиев хабар дод.

Дар консерте, ки зимни қабул ташкил карда шуд, вазири маданияти Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи халқӣ Озодбек Назарбеков суруди «Бари гал»-ро иҷро кард.

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Дар роҳи истифодаи оқилонаи захираҳои об чӣ гуна корҳо амалӣ мегарданд?

Тибқи Конвенсияи СММ оиди мубориза ба биёбоншавӣ то соли 2050, аз чор се ҳиссаи аҳолии ҷаҳон метавонад аз хушксолӣ осеб бинад.
Дар асоси тадқиқоти Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии захираҳои табиӣ ва ташкилоти Economist Intelligence Unit-и Бритониёи Кабир кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон аз шумори 33 кишваре ҳастанд, ки то соли 2040 ба норасоии об рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

👉 https://ovozi.uz/54002/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Матбуоти Ҳинд дар бораи вазъи иқтисодии Ӯзбекистон мавод нашр кард

Матбуоти Ҳинд дар бораи суръати афзоиши иқтисоди Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавод нашр кард, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».

👉 https://ovozi.uz/54005/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ба рушди тадбиркорӣ хизмат мекунанд

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Дар Калифорния обхезиҳои шадид ба вуҷуд омад

Тӯфони шадиди тропикии «Хилари» дар нимҷазираи Мексика, ки дар он Калифорнияи поёнии Мексика воқеъ аст, рӯзи якшанбе дар шарқ ва ғарби Лос-Анҷелес обхезиҳои шадид ба вуҷуд овард. Дар натиҷаи обхезиҳои ногаҳонӣ дар нимҷазираи Мексика як нафар ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Reuters.

👉 https://ovozi.uz/54011/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Дар ҷазираи Мауи Гавайя беш аз 1000 нафар бедарак шудаанд

Волии ҷазираҳои Гавайя Ҷош Грин изҳор намуд, ки бар асари сӯхтори харобиовар дар ҷазираи Мауи беш аз 1000 нафар одамон то ҳол бедарак ҳисобида мешаванд. Амалиёти ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ идома доранд. Дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба The Hill иттилоъ додааст.

👉 https://ovozi.uz/54014/

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар рӯзи дуюми сафари давлатии худ ба Озарбойҷон ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳри Фузулӣ омад.

Меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва ҳамсараш истиқбол гирифтанд.

👍Веб-сайт 💬Telegram 🌐YouTube 🌐Facebook
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM