Азия-Плюс TJ
30K subscribers
10.6K photos
2.48K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Имрӯз, 23-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Зимни маросим ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони Туркманистон Аймурад Кочмурадов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён, Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йорк Шуграф, Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл, Конфедератсияи Швейтсария Салман Бал, Муғулистон Доржийн Баярхуу, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам хонум Фам Тхай Нии Май, Ҷумҳурии Филиппин хонум Мария Агнес Магласанг Сервантес ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Син Хон Чхол, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Гуфта мешавад Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Туркманистон, Эрон, Покистон, Олмон, Фаронса, Швейтсария, Муғулистон, Ветнам, Филиппин ва ҶМД Корея андешаронӣ карда, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз идомаи ҳамёрӣ бо кишварҳо дар самтҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамояд.

@asiaplustj
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Пас аз қариб як ҳафта хонандагони мактаб дар Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Онҳо аз 1-ум то 10-уми ноябр истироҳат хоҳанд кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Наврӯз Мирзо хабар дод. Ӯ гуфт, то рӯзи 31-уми октябр дар мактабҳо натоиҷи чоряки аввал ҷамъбаст мешавад ва хонандагон ба истироҳат мебароянд.

Дар рӯзҳои таътил бошад, ба қавли Наврӯзи Мирзо, хонандагони мактаб ба озмунҳои “Илм – чароғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани ман” ва “Фуруғи субҳи донои китоб аст” омода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон хонандагони мактаб дар як сол 4 маротиба - тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон ба таътил мебароянд. Наврӯз Мирзо дар мавриди таътили зимистонаи мактаббачагон гуфт, “то ҳол тағйироте ба назар нарасидааст ва аз обу ҳаво вобаста аст, ки рӯзҳои таътили зимистона тамдид мешавад ё на”.
__
Дар Точикистон харидҳоро бо QR-коди корти дилхоҳ бонки Русия пардохт кунед. Ҳамагӣ се амал: замимаи бонкро боз карда, QR-кодро нусхабардорӣ ва пардохт намоед.
Муфассал: promo-qr.tj

@asiaplustj
"Ҳамос" ду зани солхӯрда Нурит Купери 80-сола ва Йочевед Лифшитси 85-соларо озод кард.

Ин занҳо ба кормандони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх супурда шуда, тавассути ин кумита ба гузаргоҳи Рафаҳи сарҳади Миср рафтанд. Дар он ҷо онҳоро кормандони амнияти Исроил қабул карданд.

@asiaplustj
Созмони хайрияи байнулмилалии Save the Children гуфт, ки дар 17 рӯзи охир дар Навори Ғаза ҳудуди 2000 кӯдак ва дар соҳили Ғарби дарёи Урдун 27 кӯдак ҷон бохтаанд.

@asiaplustj